Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Сардори Раёсат: Назарзода Шариф Раҳмон – генерал-лейтенанти милитсия, соли таваллудаш 29 апрели 1966, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 1 сентябри соли 1987. Мукофотҳои давлатӣ: Медали «Ҷасорат».
Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, ваколатдори оперативии гурӯҳи кор бо ноболиғони ШКҶ РКД, ваколатдори калони оперативӣ оиди корҳои махсусан муҳими шуъбачаи мубориза бар зидди нашъамандии РКД, ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШКД, муовини сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД. Сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори РВКД дар вилояти Суғд, ҳамчунин ба ҳайси сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва сардори РВКД дар ВМКБ фаъолият намудааст.
Аз 2-юми феврали соли 2023 ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.














