Боздошти зани 43-сола барои ташкил намудани фоҳишахона
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил, нигаҳдошти фоҳишахона ва даллагӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 17-уми октябри соли 2024, дар манзили истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз марди 30-сола ва ҷавонзани 23-солаи сокинони шаҳри Душанбе бар ивази хизматрасониаш 300 сомонӣ ҳаққи хизмат гирифтааст.
Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 17-уми октябри соли 2024, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, шароит фароҳам оварда, барои алоқаи ҷинсӣ намудан аз марди 30-сола ва зани 32-солаи сокинони пойтахт бар ивази хизматрасониаш 300 сомонӣ ҳаққи хизмат бо тариқи корти бонкии “Душанбе Сити” гирифтааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.