Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт

Сардори Раёсат: Солеҳзода Искандар – генерал-лейтенанти милитсия, 4 июли соли 1963 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 16 апрели соли 1990. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: «Ифтихорнорма». Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст.
Ваколатдори оперативии гурӯҳи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ ва муташаккили ШКД, ваколатдори калони оперативии гурӯҳи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ ва муташаккили ШКД, ваколатдори калони оперативи ШМЗҶИ ШКД, ваколатдори калони оперативии ШМЗҶИ, сардори шӯъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД, сардори шӯъбаи мубориза зидди ҷиноятҳо дар системаи бонкҳои РМЗҶИ ВКД, сардори Шӯъбаи РМЗҶИ ВКД, сардори шӯъбаи мубориза зидди коррупсияи дар сохторҳои қудратии РМЗҶИ ВКД, муовини сардори РМЗҶИ ВКД, сармушовири Дастгоҳи Вазири ВКД, сардори Бюрои маркази Миллии «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори РВКД дар вилояти Хатлон.
Аз 24 феврали соли 2022 ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.

 

03.07.2024 13:21
1 729