Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ

Сардори Раёсат: Шафизода Рустам Исмоил - генерал-майори милитсия, таваллудаш 23 сентябри соли 1970, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ, олии ҳуқуқӣ ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро ба итмом расонидааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 январи соли 1993. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст, аз он ҷумла: ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШВКД дар ноҳияи Бохтар, ваколатдори оперативии Шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Хатлони РМЗҶМ ВКД, муовини сардори ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлони РВКДН ВКД, сардори ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлони РВКДН ВКД, сардори ШВКД дар ноҳияҳои Шаҳритуз, А.Ҷомӣ ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардори РВКД дар минтақаи Рашт, сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ, муовини якуми сардори РВКД дар вилояти Суғд.
Шафизода Рустам Исмоил аз 2 феврали соли 2024 ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст. 

03.07.2024 13:21
1 764