Мулоқоту вохӯриҳои судманд дар шаҳри Санкт-Петербург
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7-ум то 15-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия силсилавохӯриҳои муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори шаҳри мазкур, Консулгарии генералӣ, диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо зимни суханронии худ оид ба рушди кишвар ва дастовардҳои он дар даврони Истиқлолияти давлатӣ сухан ронда, нақши асосӣ ва муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин раванди тақдирсози давлатдории тоҷикон қайд намуд.
Мавсуф оид ба густариш ёфтани муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ташкилотҳои террористию экстремистӣ, тақлиди фарҳанги бегона, риоя намудани қонунҳои амалкунандаи давлати иқомат ва даст назадан ба ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ таъкид намуд.
Дар ҷараёни мулоқоту вохӯриҳои судманд иштирокчиён аз таваҷҷӯҳ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки аз тоҷик будани худ ифтихор менамоянд, зеро ниёгони мо – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни инсоният саҳми бузург гузоштаанд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, таъмини амният, оромӣ, суботи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.
Гул Маҳбуба