Ошкор шудани ду ҳолати ғоратгарӣ дар назди истгоҳ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Варзоб муроҷиат намудааст, ки 13-уми октябри соли 2024, тахминан соати 03:20-дақиқа, ҳангоми дар назди истгоҳи кӯчаи Амиршоеви шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад ангуштарини нуқрагиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 55-солаи сокини ноҳияи Варзоб ворид гардидааст, ки 13-уми октябри соли 2024, тахминан соати 03:30-дақиқа, ҳангоми дар назди истгоҳи кӯчаи Амиршоеви шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилӣ, 1-адад айнак, 2-адад куртаи мардона ва 50-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.