Пахш намудани дучархарон дар ноҳияи Спитамен
13-уми октябри соли 2024, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Норов Тӯйчибой Бобоевич, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи асосии автомобилгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар минтақаи ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисмати пеши автомашинааш, дучархарон Мамадназаров Абдурасул Сатторович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Спитаменро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Мамадназаров А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, 14-уми октябри соли 2024 ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.