Ошкор шудани қаллобии ду бародар
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи январи соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ қисмҳои автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 23 ҳазор доллари ИМА гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати се-чор моҳ пардохт мекунад, аммо ягон амалро иҷро накардааст.
Гумонбаршаванда, бо ҳамин тарзу усул моҳи сентябри соли 2023, аз ҷабрдида қисмҳои автомашинаҳои гуногунро ба маблағи 74 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз ин 37 ҳазору 800 доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда маблағи 36 ҳазору 200 доллари амрикоиро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ғайр аз ин, бародари ӯ марди 42-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ба боварии ҷабрдида даромада, аз ӯ қисмҳои автомашинаҳои гуногунро ба маблағи 106 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати кутоҳ пардохт мекунад, аз ин маблағ 67 ҳазору 800 доллари амрикоиро дода, боқимонда маблағи 32 ҳазору 800 доллари амрикоиро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Илова бар ин гумонбаршаванда аз ҷабрдида 1-адад автомашинаи тамғаи “Матиз”-ро ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати 10-15 рӯз пардохт мекунад, аз ин маблағ 27 ҳазору 500 сомониро дода, боқимонда маблағи 27 ҳазору 500 сомониашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.