Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани дуздии маблағ аз хонаи пиразани 70-сола

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи пиразани 70-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 12-уми октябри соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 80 ҳазор сомонӣ ва 2 ҳазор доллари амрикоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда, 101 ҳазору 304 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 18 ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Бохтар содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

15.10.2024 9:08
41