Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду нафар марди шахсияташон номаълум дар садамаҳои нақлиётӣ  

12-уми октябри соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ҳоҷиматов Мамадалӣ Ибрагимович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар чорроҳаи ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Нуруллоев Назирҷон Файзуллоевич, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Аштро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Нуруллоев Н.Ф. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта,  дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
11-уми октябри соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳакимзода Муҳиддин Худойназар, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Қосимова ба самти маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 40-45-соларо, ки мехост роҳро аз самти рост ба самти чап гузарад, бо қисмати пеши автомашина пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ расонида шуда, ба воситаи автомашинаи шахсиаш ба беморхона дастрас карда шудааст.
Номбурда бинобар сабаби бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
12-уми октябри соли 2024, тахминан соати 20:20-дақиқа, ронандаи  автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Абдураҳимов Суреш Мирзоевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар дар километри 56-уми ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба тарафи чапи роҳ чаппа намудааст. 
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Қурбонов Раҳматулло Абдурашидович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
13-уми октябри соли 2024, тахминан соати 12:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс Акстрос”, Ҳомидов  Диловар  Комилович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Ҳ.Шерозии пойтахт аз самти маҳаллаи Чорбоғ ба самти кӯчаи Карамов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан  30-35-соларо  пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас шуда,  баъдан дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

14.10.2024 9:39
50