Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми қариб як миллион сомонӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки ду шахси номаълум аз моҳи июни соли 2022 то моҳи августи соли 2023, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 950 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки аз ҳудуди Федератсияи Россия чорвои калони шохдор оварда медиҳанд, аммо гумонбаршавандагон ваъдаашонро иҷро накарда, аз ин маблағ 169 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимонда 781 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45 ва бародараш марди 43-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.