Боздошти марди 31-сола барои тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб аризаи марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шахси ношинос аз нуқтаи фурӯши сӯзишвории ӯ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, дар автомашинааш сӯзишвории намуди «газ» пур карда, ба ӯ як адад купюраи 200 сомонӣ бо силсилаи ҒС 9265495233-ро ба сифати пардохт ба ӯ пешниҳод намудааст, ки купюраи мазкур ба тариқи қалбакӣ омода шудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ дастгир карда шуд.
Зимни пурсиш муайян гардид, ки гумонбаршаванда купюраи 200 сомониро бо силсилаи ҒС 9265495233 аз марди 31-солаи сокини ноҳияи Варзоб гирифтааст.
Дар натиҷаи идома додани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия худи ҳамин рӯз марди 31-сола дар худуди деҳаи Деҳмалики ноҳияи Варзоб дастгир карда шуд.
Дар ҳузури шахсони холис аз гумонбаршуда 4-адад купюраҳои 200 сомонӣ бо силсилаҳои ҒС 9265495233 ва бо роҳи сохтакорӣ омодашуда, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.