Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардори Хадамот: Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон - полковники милитсия. 5-уми январи соли 1983 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Соли 2004 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. Шунавандаи курси дуюми факултети идоракунии №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2000.
Фаъолияти худро аз вазифаи нозири таркишгари Дастаи таъиноти махсуси РВКД дар вилояти Хатлон оғоз намудааст. Соли 2005 нозири минтақавии милитсияи шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. Солҳои 2007-2008 ба ҳайси нозири шуъбачаи назорати муҳоҷирати хориҷии шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи июни соли 2009 то моҳи июни соли 2011 нозири шуъбача оид ба масъалаҳои шаҳрвандии шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, солҳои 2011-2016 нозири калони шуъбача оид ба масъалаҳои шаҳрвандии шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, солҳои 2016-2019 сарнозири шуъбача оид ба масъалаҳои шаҳрвандии шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, аз 20 апрели соли 2019 то соли 2023 ба ҳайси сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон санаи 2-юми феврали соли 2024 ба вазифаи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия ва корманди фахрии Вазорати корҳои дохилӣ буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо як қатор медалу Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1055 аз 12 августи соли 2025 бо мукофоти давлатӣ – медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

















