Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пахши пиёдагарди ноболиғ аз ҷониби ронандаи ноуҳдабаро 

8-уми октябри соли 2024, тахминан соатҳои 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Носиров Хисрав Алихонович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Қодирзода Салоҳиддин Сироҷиддин, соли таваллудаш 2007, сокини шаҳри Норакро пахш намудааст.  
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Қодирзода С.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

09.10.2024 10:05
43