Боздошти марди 49-сола бо ҷурми қаллобӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи майи соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини ноҳияи Ашт даромада, барои озод кардани шиносаш, ки дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 139 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста мешуд, аз ӯ 60 ҳазор сомонӣ ва 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки парвандаи ҷиноятиашро ба воситаи шиносҳояш қатъ мекунад, аммо маблағи ба даст овардаашро ба манфиати худ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.