Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани як гурӯҳ ноболиғон барои авбошӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва аз тарафи дигар се ноболиғи 18-солаи сокинони пойтахт бо гумони содир намудани кирдори авбошӣ дастгир карда шуданд. 
Гумонбаршавандагон 7-уми октябри соли 2024, тахминан соати 22:00, ҳангоми дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт қарор доштанашон бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ байни якдигар муноқиша намуда, якдигарро лату кӯб намудаанд, ки дар натиҷа яке аз онҳо бо олоти дар дасташ будаи халандаю бурандаи сохтмонии табарча дар бари гардани чапи яке аз ноболиғон зада, ӯро захмӣ кардааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, 7-уми октябри соли 2024, тахминан соатҳои 19:30-дақиқа, ҳангоми дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор муноқиша намуда, ҷабрдидаро зери лату кӯб қарор дода, бо корд дар қисмати рости шикамаш як маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

09.10.2024 9:57
58