Ифшо шудани азонихудкунӣ ё исрофкории маблағҳои ширкат
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи директори ҶДММ “Султони Ҳаким”, марди 62-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ворид гардидааст, ки аз 1-уми январи соли 2021 то 1-уми сентябри соли 2022, марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе ба ҳайси намояндаи нуриҳои минералии ширкати ҶДММ “Султони Ҳаким” фаъолият намуда, маблағҳои аз ҳисоби маҳсулоти ба фурӯш бароварда аз ширкати мазкурро, аз қабили орд, силитр, равған ва шакар ба хазинаи ҶДММ-и мазкур насупорида, ба манфиати худаш сарф намудааст.
Номбурда бо ин кирдораш ба ҶДММ “Султони Ҳаким” ба маблағи 495 ҳазор сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.