Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳодисаи ғоратгарӣ дар ноҳияи Спитамен

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, 13-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 11:00, ба хонаи истиқоматии марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, дар саҳни ҳавлӣ бо ноболиғи 10-солаи сокини ҳамон ҷо вохӯрда, бо роҳи таҳдид ва тарсонидан ҷойи нигоҳдории маблағҳои падарашро муайян карда, аз дохили ҷевони манзили истиқоматӣ 500 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

08.10.2024 9:16
48