Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 2 дучархарон дар садамаҳои нақлиётӣ

5-уми октябри соли 2024, тахминан соати 19:00, ронандаи дучархаи тамғаи «Скутер», Камолиддинов Фараҳманд Фазлиддинович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи дучарха набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Старекс», таҳти идораи Ёдгоров Отахон Қиёмиддинович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Панҷакент, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи дучархаи мазкур Камолиддинов Ф.Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
6-уми октябри соли 2024, тахминан соатҳои 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи боркаши “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Гурбангелдиев Довлит Баймухамедович, соли таваллудаш 1988, шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Шарипов Дӯстмурод, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Хуросонро пахш намудааст, ки дар натиҷа Шарипов Д. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

07.10.2024 14:33
46