Боздошти марди 34-сола барои таҳдиди куштан
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо гумони таҳдиди куштан дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 26-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 00:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ, бо ҳамсараш зани 33-сола баҳсу мунозира намуда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст. Сипас бо корди хоҷагӣ ва болғаи оҳанин мусаллаҳ гардида, ба тарафи ӯ ҳамла намуда, таҳдиди куштан кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.