Раёсати нозиротӣ - ташкилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Салимбойзода Довар Салимбой - полковники милитсия. 11 октябри соли 1977 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии ҳуќуқӣ. Соли 1997 Донишгоҳи озоди Тоҷикистон, соли 2006 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2017 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст.
Фаъолияти кории худро соли 1997 аз вазифаи муфаттиши Шуъбаи тафтишотии Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд оғоз намудааст.
Соли 2002-2004 муфаттиши калони Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2004-2009 ба ҳайси сармутахассиси Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз моҳи майи соли 2009 то моҳи январи соли 2012 Референти муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ;
Солҳои 2012-2014 нозири калон оид ба корҳои махсусан муҳими Дастгоҳи Вазири корҳои дохилї;
Солҳои 2014-2017 муовини сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ;
Солҳои 2017-2019 муовини Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 2019-2021 Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ,
Солҳои 2021-2023 муовини сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ.
Салимбойзода Д.С., 17 апрели соли 2023 ба вазифаи Сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф корманди фахрии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу сипосномаҳои идоравӣ мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас бо мукофоти давлатӣ - медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Салимбойзода Д.С. узви ҳайати Мушовараи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.