Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолати даст ба дуздӣ задани духтари ноболиғ

Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ аризаи марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 24 ба 25-уми сентябри соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 250 ҳазор рубли русӣ, баробар ба маблағи 58 ҳазору 250 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро духтари ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

04.10.2024 9:40
42