Норак: ифтитоҳи иншооти иловагӣ, боғу гулгашт ва боздид аз ШВКД баъди таъмиру азнавсозӣ
2-юми октябри соли 2024 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон аз бинои маъмурии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак, ки аз таъмири пурра бароварда шуд, боздид намуда, иншооти навбунёди хизматиро мавриди истифода қарор доданд.
Дар доираи таъмир саҳн ва гирду атрофи Шуъбаи ВКД пурра мумфарш карда шуда, ҳаммом, хобгоҳ, боксҳои нақлиётӣ ва ошхона барои ҳайати шахсӣ ҳамчун бинои иловагӣ сохта шуда, таъмири ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ, роҳравҳо ва маҳкамаи нигаҳдории муваққатӣ бо назардошти стандартҳои муосир азнавсозӣ карда шудаанд.
Баъди боздид аз ин ҳама дастоварду муваффақиятҳо Вазири корҳои дохилӣ ба корҳои босифати анҷомёфта баҳои баланд дода, бо ҳайати кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир намуд.
Зикр гардид, ки шароити муосири фаъолият барои кормандони милитсия баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ бунёд гардидааст.
Бо назардошти ин ҳама дастгириву иқдомҳои созанда аз кормандони милитсия даъват ба амал оварда шуд, ки барои садоқатмандона хизмат кардан ба Ватан, саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқонаю софдилона фаъолият намоянд.