Марҳилаи 2-юми амалиёти «Нелегал-2024» дар вилояти Хатлон
Бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, ҳамасола дар давлатҳои аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар чанд марҳила амалиётҳои муштараки «Нелегал» гузаронида мешаванд.
Мутобиқи нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии СААД оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал-2024» ва иҷрои Фармони якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5 апрели соли 2018 дар ду марҳила, аз 3 то 9-уми июни соли 2024 амалиёт бо номи «Нелегал-Трафик» аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо гузаронида шуд ва марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2024» бо номи «Нелегал-Кордон» аз санаи 30-юми сентябр то 6-уми октябри соли 2024 ба роҳ монда шудааст.
Амалиёти муштарак бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди вилоят, ҳамзамон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди вилоят ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо гузаронида мешавад.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия