Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мактаби №8 ноҳияи Спитаменро ба номи собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ номгузорӣ карданд

Бо мақсади гиромидошти хотираи неки собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Акбаралӣ Умаров Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен ба номи ӯ гузошта шуд.  
Қарор дар бораи номгузории мактабро маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд тасдиқ кардааст. 
Ба ин муносибат рӯзи 28 сентябр дар саҳни мактаби мазкур бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорон ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ,  омӯзгорону хонандагон ва аҳли пайвандони марҳум чорабинии тантанавӣ доир карда шуд.
Номбурда 29 сентябри соли 1924 дар оилаи коргар таваллуд шуда, таҳсилдидаи ҳамин мактабе мебошад, ки имрӯз номи ӯро гирифт. 
Дар маросими номгузорӣ раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода, муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Асрор Дадоҷонзода, намояндаи Шӯрои собиқадарони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва фарзанди номбурда ба сухан баромада пайроҳаи зиндагӣ ва кору пайкори Акбаралӣ Умаровро ёдовар шуданд. Иҷрои вазифаҳои партиявӣ ва сафарбар шудан ба фронт, ҳамзамон фаъолияти баъдиҷангии Акбаралӣ Умаров дар сафи милитсияи тоҷик ба ҳайси корманди оддӣ то зинаҳои роҳбарикунандаи мақомот муфассал дар маърӯзаи баромадкунандагон зикр гардид.
Гуфта шуд, ки номбурда баъди бозгашт аз фронт ба ҳайси омӯзгор дар ҳамин дабистоне, ки ба номи ӯ гузошта шуд фаъолият карда, баъдан аз соли 1948 бо пешниҳоди ҳизби Комунист, ки аъзои фаъоли он буд ба кор дар сафи милитсия мегузарад. То соли 1973 дар вазифаҳои масъули ВКД Тоҷикистони Шӯравӣ - ваколатдори фаврӣ, сардори шуъбача, сардори шуъбаи милитсия, сардори шуъбаи оперативӣ, шуъбаи кадрҳо, муовини сардори Раёсат, сардори Раёсати ВАБК дар солҳои 1954-1958, сардори Раёсати милитсияи вилояти Ленинобод солҳои 1961-1962, сардори Шуъбаи кадрҳои ВКД 1962-1964, сардори Раёсати ВҲТҶ ҶШС Тоҷикистон солҳои 1964-1970 ва солҳои 1970-1973 ба ҳайси муовини вазири корҳои дохилӣ ифои вазифа намудааст. Баъди нафақа низ ба вазифаи ҷамъиятӣ ҷалб гардида аз соли 1973 то лаҳзаи вафот соли 1980 ба ҳайси роҳбари ҷамъияти ронандатайёркунии ихтиёрӣ кор кардааст. 
Дар рафти ҷамъомади тантанавӣ муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба ҳамсари Акбаралӣ Умаров, ки имрӯзҳо дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад Умарова Лутфӣ Маҳкамовна аз номи роҳбарияти ВКД медали «Милитсияи тоҷик» тақдим намуд, ки аҳли пайвандонро боз ҳам рӯҳбаланд намуд. 
Номгузорӣ шудани мактаб ба номи собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ нишонаи қадршиносӣ ва эҳтироми мардум ба фарзанди диловари Ватан аст. Акбаралӣ Умаров тавонистааст бо хизматҳои арзанда ба нафъи давлату миллат на танҳо дар дили аҳли пайвандон, ёру дӯстону ҳамкорон балки ҷомеа ошён гузорад. Маҳз хислати меҳнатдӯстиву масъулиятшиносӣ доштан ӯро соҳибобрӯ гардонида ҳамдиёрон барои зиндаву ҷовид мондани номи ӯ мактабро ба номаш гузоштанд.
Илова бар ин, бо ташаббуси пайвандон дар мактаби мазкур ҳуҷра-музейи мавсуф ташкил карда шудааст, ки фарогири маълумоти зарӯрӣ аз ҳаёту фаъолияти генерал-майори хизмати дохилӣ Акбаралӣ Умаров мебошад. Аксу ҳуҷҷат, китоб, ашёву лавозимот, медалу нишон ва дигар далелҳои хотиравӣ аз рӯзгори ибратбахши собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ имконият медиҳад, ки ҳар нафар вобаста ба зиндагиномаи фарзанди содиқ ба Ватан ва касби худ маълумот гирад. Ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ аз ҳуҷраи мазкур дидан намуда, иқдоми фарзандонро ба маврид арзёбӣ карданд. Зеро синфхона - музей василаи хубест барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи дӯстдории Ватан ва интихоби касб.
Бори дигар таъкид менамоем, ки номгузорӣ шудани мактаб ба номи генерал-майори хизмати дохилӣ Акбаралӣ Умаров дар баробари эҳтиром, зиндагардонии номи ӯ мебошад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

01.10.2024 18:02
164