Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Спитамен, ки соли 2016 бо қисми 3 моддаи 247 ва қисми 1 моддаи 347 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, 23-юми майи соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, бо ваъдаи пешниҳод кардани 50% даромади мағозаҳояш дар умум 1 миллиону 88 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

01.10.2024 17:37
55