Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобии ду нафар дар шаҳри Хуҷанд

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, моҳи августи соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии зани 39-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, бо пешниҳоди соҳибкорӣ (яъне якҷоя машғул шудан ба парвариши бедона), аз ӯ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 60 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст. 
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 65-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, дар давраҳои соли 2009-2010 ва такроран соли 2011-2012 ба ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов ҳозир гардида, бо роҳи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов даромада, аз ҷабрдида бори аввал 180 тонна ва бори дувум 250 тонна пахтаро ғайринақдӣ (насия) харидорӣ намуда, минбаъд миқдори зикргардидаи пахтаро фурӯхта, маблағҳои пулии ба даст овардаашро ба манфиати худаш сарф намудааст. 
Дар натиҷа, ба ҷабрдида 331 ҳазору 487 сомонӣ зарарӣ махсусан калони моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

30.09.2024 15:37
45