Тақвияти ҳамкориҳо дар самти ислоҳоти милитсия
24-25-уми сентябри соли ҷорӣ дар доираи Нақша-чорабиниҳои муштарак байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода бо коршиноси байналмилалӣ ҷаноби Хуан Беликов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозола Сафиало, сардори Маркази илмӣ-тадқиқотии вазорат, полковники милитсия Алимардонӣ Манучеҳр ва афсари миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе Маҳмадиев Ҳайдар Холович иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи политсия" мавриди муҳокима қарор дода шуда, ҷиҳати такмили он ва мутобиқ намудани лоиҳаи мазкур ба стандартҳои байналмилалӣ таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шуд.
Ҳамчунин, коршинос дар идомаи ташриф бо мушовири Вазири корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳои дахлдори вазорат вохӯрӣ доир намуда, вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи политсия" табодули афкор намуданд.