Вохӯрии судманд бо фаъолони ноҳияи Ховалинг
27 сентябри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо иштироки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, раисони ҷамоат, маҳаллаҳо ва шуроҳои ҷамъиятии назди ШВКД дар ноҳияи Ховалинг вохӯрӣ таҳти унвони "Саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия" баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррух ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иҷрокуннадаи вазифаи Раиси ноҳия Набизода Фаррух ҳозиринро ба ноҳияи Ховалинг хайрамақдам гуфта, оид ба вусъат бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа суханронӣ намуд. Бо итминон изҳори дошт, ки ҳамкории судманди мақомоти корҳои дохилӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ мусоидат хоҳад кард.
Сипас, дар вохӯрӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозола Сафиало Азизуло баромад намуда, ҳозиринро бо Низомномаи нави Шуроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ шинос намуд. Аз ҷумла, қайд намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани мавқеъӣ шуроҳои ҷамъиятӣ ва мустаҳкам намудани робитаи мутақобилаи милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ 13 феврали соли 2024 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи шуроҳои ҷамъиятӣ тасдиқ карда шудааст.
Бо мақсади дар амал татбиқ гардидани Низомномаи мазкур бо фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ ҳамаи сардорони ҷузъу томҳо вазифадор карда шудаанд, ки барои таъмини иҷрои Низомномаи мазкур чораҷӯӣ намуда, ҳамкориҳоро бо шуроҳои ҷамъиятӣ дуруст ба роҳ монанд. Ҳамчунин иброз гардид, ки шуроҳои ҷамъиятӣ маҳаки асосии раванди ислоҳоти милитсия ба ҳисоб мераванд, бинобар ин кормандони милитсияро зарур аст, ки фаъолиятро бо шуроҳои ҷамъиятӣ мустаҳкам намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, хурофотпарастиву бегонапарастӣ ибрози андеша карда шуд. Аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлубӣ ҷомеа ташаббускор бошанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамзамон як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани робита ва ҳамкории милитсия бо ҷомеа як зумра таклифу пешниҳодҳои муфид баён гардиданд.