Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амалиёти "Скутер" - камбудиҳоро ошкор намуд

Мутобиқи таҳлилҳои БДА вақтҳои охир беинтизомии ронандагони мототсиклҳо бахусус скутерҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  бехатарии худи скутерсавор ва дигар иштирокчиёни ҳаракат таъмин нагардида, рух додани садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои вазнин бо иштироки онҳо ба қайд гирифта мешавад. Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирӣ аз содиршавии садамаҳои нақлиётӣ бо истифодаи мототсиклҳо, аз ҷумла намудҳои ҳозиразамони он ба мисли дучархаю сечархаҳои электронӣ, саривақт ба қайди давлатӣ гирифтани чунин воситаҳои нақлиёт ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ронандагони ин намуди воситаҳои нақлиёт, ки имрӯзҳо хело паҳнгаштааст дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз санаи 17 то 27 сентябри соли ҷорӣ, “Даҳрӯзаи бехатарӣ ва амалиёти - Скутер” гузаронид. 
Кормандони сафарбаргардида дар баробари корҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳангоми скутерсаворӣ, ҳамчунин барои дар қайд гузоштани нақлиётҳои мазкур, аниқ намудани шахсияти ронандагони он корбарӣ намуданд. Дар давраи амалиёт 282 скутер ба қайд гирифта шуда бо рақами давлатӣ таъмин гардиданд.
Тавре аз таҳлилҳо бар меояд дар давраи сипаригаштаи соли 2024 дар роҳои нақлиётгарди вилояти Суғд бо иштироки  ронандагони мототсикл ё скутерҳо 27 садамаи нақлиётӣ ба қайд ва бар асари он 6 нафар ба ҳалокат расида, 28 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. 
Ҳолати мазкур боиси нигаронӣ ва аз ҳар як нафар иштирокчии ҳаракат дар роҳ интизому масъулиятро талаб менамояд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

28.09.2024 14:49
72