Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва 

26 сентябри соли 2024 вохӯрии гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази савдои «Южные Ворота»-и шаҳри Москва бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази мазкур кору фаъолият менамоянд, баргузор гардид. 
Зимни суҳбати озоду самимӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ташкилотҳои террористию экстремистӣ, тақлиди фарҳанги бегона, риоя намудани қонунҳои амалкунандаи давлати иқомат, даст назадан ба ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар масоили мубрам ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки шаҳрвандони мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватанро ҳамчун арзишҳои муқаддас эҳтиром намоянд.  
Иштирокчиён аз баргузор гардидани чунин вохӯрӣ изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки омодаанд барои пешравию тараққиёт ва пойдории сулҳу субот дар кишвар саҳми назарраси худро гузоранд.
Гул Маҳбуба


 

27.09.2024 16:47
115