Ҳалокати пирамард бар асари ҳодисаи нақлиётӣ
26-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 13:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “LEXUS-400”, Маҳмудзода Эраҷ Карим, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Ҳисор-Турсунзода”, дар ҳудуди деҳаи Сурхакчашмаи шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мирзоев Музаффар, соли таваллудаш 1941, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Мирзоев М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.