Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати мусофир дар ҳодисаи нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат

25-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 06:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Назаров Қурбон Сафарович, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ», дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Ваҳдат ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота Приус», таҳти идораи ронанда, Фозилов Маҳмадрақиб, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Норак, ки дар роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи  «Опел-Астра», Назаров Қ.С. ва мусофирони дохили автомашина Каримова Сайли, соли таваллудаш 1951, Раҳимова Нарзигул, соли таваллудаш 1990, сокинони шаҳри Ваҳдат ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Приус» Фозилов М. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур Пиров Орзу Нусратович, соли таваллудаш 1995, Фозилова Розия, соли таваллудаш 1969 ва Пирова Сураё Нусратовна, соли таваллудаш 2000, сокинони шаҳри Норак, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шудаанд.
Ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ Пирова С.Н. ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

26.09.2024 9:05
37