Ҳодисаи нақлиётӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёва
23-юми сентябри соли 2024, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ғафуров Баҳром Маҳмудович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар километри 294-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Ҷ.Расулов ҳаракат намуда ба қисмати қафои автомашинаи тамғаи «Опел-Астра-Н», ронандааш номаълум бо қисмати пешаш бармехӯрад, ки аз зарбаи он автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Ғафуров Б.М. ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Лексус», таҳти идораи Расулов Саидҷон Мирзоевич, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Спитамен, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Раҳмонов Каримберди Эгамбердиевич, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи тамғаи «Лексус» Расулов Фирдавс Саидҷонович, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.