Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздии чорво
Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун аризаи пирамарди 72-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 24-уми августи соли 2024, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум аз заминҳои хоҷагии кишоварзии деҳаашон 3 сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро мардони 44, 40 ва 29-солаи сокинони ноҳияҳои М.Ҳамадонӣ, Рӯдакӣ ва Қубодиён содир намудаанд.
Инчунин, гумонбаршавандагон бо ҳамин роҳ 24-уми августи соли 2024, тахминан соати 02:30-дақиқа, 1 сар чорвои калони шохдори марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳунро аз заминҳои хоҷагии кишоварзии деҳаашон, ки арзишаш 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Балҷувон бо ариза зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми августи соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи ҷамоати деҳоти Сари Хосори ҳамин ноҳия 1 сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро мардони 30 ва 44-солаи сокинони ноҳияҳои Темурмалику Балҷувон содир намудаанд.
Ҳамин тариқ, гумонбаршавандагон 15-уми августи соли 2024, бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи ҷамоати деҳоти Сари Хосор 2 сар чорвои калони шохдори марди 69-солаи сокини ҳамин ноҳияро, ки арзишаш 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.