Дастгир гардидани марди 35-сола бо ҷурми қаллобӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, аввалҳои соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 25-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ барои пешбурди фаъолияти соҳибкориаш 530 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки то моҳи августи соли 2024 маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда ба ваъдааш наистода то ҳол ӯро фиреб карда гаштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.