Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ дар ҳаҷми махсусан калон 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини ноҳияи Темурмалик тибқи шартномаи шифоҳӣ бо марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур аз соли 2013 то моҳи июли соли 2024, дар мағозаи ҶДММ “Суҳайлҷон”, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик ба ҳайси фурӯшандаи мол ва маҳсулоти хӯрокворӣ кор карда, ҳамчун шахси ҷавобгар ба ҳисоб рафта, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷинояти азонидхудкуни ё исрофкориро ба миқдори махсусан калон дар ҳолатҳои зерин содир кардааст.
Чунончӣ гумонбаршаванда, маҳсулоти хӯрокворӣ ба маблағи 15 миллиону 816 ҳазору 273 сомонӣ, ки ба ӯ барои ба фурӯш баровардан бовар карда ва онҳоро дар ихтиёраш дошт, мунтазам аз соли 2022 то моҳи июли соли 2024, ҷамъ ба маблағи 700 ҳазор сомониро азонихуд намуда, ба роҳбари ҶДММ “Суҳайлҷон” зарари махсусан калон расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

21.09.2024 9:05
31