Ҷангу ҷанҷол аз ҳиссиёти авбошӣ бо падари ӯгай
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда, 19-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар манзили истиқоматиаш аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо падари ӯгаяш марди 62-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд раги дасти рости ӯро буридааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.