Ҳалокати се нафар бар асари садамаи нақлиётӣ
18-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 17:00, дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ноҳияи Данғара ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Сайфиддинов Маҳмадқул Амонович, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “Шакман”, таҳти идораи Бозоров Искандар Муродалиевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Данғара, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, ба сабқат баромада, дар самти муқобили роҳ ба автомашинаи тамғаи “БМВ 520”, таҳти идораи Сафаров Олимҷон Шакарович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Пас аз бархӯрд ба самти ҳаракати автомашинаи боркаши тамғаи “Шакман” баромада, бо қисми пеши тарафи рости автомашинаи боркаши тамғаи “Шакман” бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Сайфиддинов Маҳмадқул Амонович ва мусофирони дохили автомашина Мирхонов Рамазон Рустамович, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Қубодиён, Ҳасанов Абдулвоҳид Фарҳодович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ-520” Сафаров О.Ш. ва мусофирони дохили автомашина Қаюмов Носирхон Абдуллоевич, соли таваллудаш 1979, Қличова Санавбар, соли таваллудаш 1970, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.