Боздошти марди 37-сола бо ҷурми авбошӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 18-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 22:30-дақиқа, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, дар назди тавақуфгоҳи “Душанбе-Бохтар”, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба шикам ва дигар узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.