Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз ҳиссиёти авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 17-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Крупскийи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо марди 36-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба тарафи чапи шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.