Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар

17-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 20:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Шарипов Ҳамдулло Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Озодии занон аз самти деҳаи Конститутсия ба самти деҳаи Маҳмадшоҳи поён, дар рӯ ба рӯи деҳаи Чортут, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Шарипов Ҳ.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол додан ба беморхона ба ҳалокат расидааст. 
17-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “LEXUS-350”, Аъзамҷони Муҳаммадӣ, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар назди бинои истиқоматии маҳаллаи 8-уми ҳамин шаҳр хурдсолон Баротов Алиакбар Содиқович, соли таваллудаш 2014 ва Амонзода Умед Бахтиёр, соли таваллудаш 2023, сокинони шаҳри Ҳисорро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, хурдсол Баротов А.С. бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст, хурдсол Амонзода У.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
18-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», Маҳкамов Абдусалом Манонович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Конибодом дар шоҳроҳи «Конибодом-Деҳмой» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи Мирзоахмедов Мирзозариф Зоидович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Хуҷанд бархӯрдааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Опел-Зафира», Мирзоахмедов М.З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳёгарии беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

19.09.2024 14:49
48