Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир гардидани қаллобиҳо бо сӯиистифода аз боварӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ моҳи феврали соли 2022 ҳангоми дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ ба боварии марди 46-солаи сокини ноҳияи Дарвоз даромада, аз ӯ 2 миллиону 526 ҳазору 550 рубли русиро гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 44-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров 10-уми августи соли 2021 бо марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур вохӯрда, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худро ҳамчун соҳибкор муаррифӣ намуда, бо баҳонаи ҳамкории минбаъда ва аз хориҷа ворид намудани молҳои гаронбаҳо ва воситаи нақлиёт 114 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, аз фоидаи ба даст омада, 50 ҳазор сомонӣ дода, то ҳол маблағҳояшро барнагардондааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи  247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

19.09.2024 14:43
31