Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Окшор шудани ҳолати дуздӣ дар шаҳри Бохтар

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми сентябри соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад таҷҳизоти кафшергарӣ, 2-адад қолин, 2-адад гарданбанди тиллоӣ ва 2-ҷуфт либоси зимистонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда, 17 ҳазору 850 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 33-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

19.09.2024 14:39
21