Ҳалокати пиёдагард бар асари ҳодисаи нақлиётӣ дар шаҳри Ҳисор
16-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 23:50-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “Сузуки”, Нарзуллоев Файзулло Лутфуллоевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи И.Сомонии маркази шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай”, ки ба Бобоев Ҷаҳонгир Хушмуродович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри мазкур, ки дар канори рости роҳ беназорат меистод, бархӯрдааст.
Ҳамин тариқ, боз ҳаракатро давом дода, пиёдагард Қурбонова Ашурмоҳ Сафаралиевна, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Қурбонова А.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.