Дастгир гардидани марди 35-сола бо ҷурми дуздӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 35-солаи сокини шаҳри Исфара 25-уми августи соли 2024, тахминан соати 17:00, дар ҳолати мастӣ аз хонаи истиқоматии зани 45-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи пинҳонӣ 1-адад дучархаи тамғаи “Скутер”, ки арзишаш 11 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷинояти бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.