Содир намудани кирдори авбошӣ дар ҳолати мастӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 16-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 17:20-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Туғрали шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванте”, марди 27-солаи сокини шаҳри Ваҳдат аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб намудааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Гулистон, 26-уми августи соли 2023, тахминан соати 20:00, дар назди маркази савдо, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Чорухдарони шаҳри Гулистон бо ҷавони 22-солаи сокини шаҳри мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб кардааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 39, 41 ва дигар шиносҳояшон 14-уми сентябри 2024, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар тарабхонаи шаҳри Бӯстон машрубот истеъмол намуда, байни номбурдагон аз сабаби нофаҳмӣ баҳсу моҷаро сар зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.
Дар натиҷа, марди 39-сола аз болои миз як зарфи шишагиро гирифта, ба сари марди 41-сола задааст, ки ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи чиноятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.