Фаъолияти Нуқтаи сайёри милитсия - иқдоми наздикшавӣ бо аҳолӣ дар доираи ислоҳоти милитсия
Дар доираи “Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025” аз тарафи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД бо ҷалби созмонҳои байналмилалӣ баҳри шунидани арзу шикоят ва таклифу пешниҳоди аҳолӣ Нуқтаи сайёри милитсия (НСМ) ташкил карда шудааст. НСМ микроавтобуси махсуси хизматӣ ҳуҷраи кориест, ки дар ҳайати гуруҳи корӣ аз ҳисоби шуъбаву хадамотҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба минтақаҳои дурдасти аз маркази шаҳру ноҳияҳо дур ҷойгирбуда сафарбар шуда ба аҳоли хизматрасонӣ мекунад.
Мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд 4 адад чунин микроавтобусҳои хизматиро дар ихтиёр дорад.
Нуқтаи сайёри милитсия микроавтобуси махсуси хизматии тамғаи «Газел-Некст» ҳуҷраи кориест, ки барои шунидани арзу шикоят, таклифу пешниҳод ва дархостҳои аҳолӣ пешбини шудааст. Дар ҳайати он кормандон аз шуъбаву хадамотҳои мақомоти корҳоӣ – нозирони минтақавии милитсия (ШҲТҶ), нозири хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон (ХОПҲНҶ), хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (ХШБ), шуъбаи ташхиси криминалистӣ (ШТК), муфаттиш ва кормандони самти оперативӣ вобаста шудаанд.
Аз рӯи нақша ҳайати кории Нуқтаҳои сайёрӣ милитсия ба минтақаҳои дур аз маркази шаҳру ноҳияҳо сафарбар шуда ба аҳолӣ хизматрасонӣ менамоянд. Нозирони минтақавии милитсия вазифадор шудаанд, ки пешакӣ аҳолиро аз баргузории чорабинӣ огоҳ намоянд.
Мақсаду мароми роҳандозӣ шудани Нуқтаи сайёрӣ милитсия хизматрасонӣ дар ҷойҳо ба аҳолӣ, наздиксозии алоқаи мақомоти милитсия бо сокинон ва дар ин замина рушди ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад.
Чорабиниҳо бо сафарбарии НСМ аз ҳисоботи нозири минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ оид ба вазъи криминогении минтақа ва коргузорӣ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ, ҷиноятсодиркунӣ, кор бо оилаҳои ноустувор, шахсони дар қайдҳои профилактикӣ буда оғоз меёбад. Дар идома шаҳрвандон оид ба мушколити ҷойдошта ва таклифу пешниҳодҳо баромад менамоянд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия