Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба амал омадани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар

15-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 13:00, ронандаи мототсикли дучархаи тамғаи “ИЖ-Планета 5”, Ҷураев Қосим Нозимович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сангтуда ба самти деҳаи Гулистон, дар роҳи автомобилгарди ҳудуди деҳаи Сангтуда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Қурбонов Сафиаллоҳ Давлатович, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мототсикл Ҷураев Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол додан ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
15-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “LEXUS-RX”, Ғафуров Идрисҷон, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Ромит” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри мазкур ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Ташрипов Мирали Талбакович, соли тааллудаш 1988, сокини ҳамин шаҳр бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ташрипов М.Т. ва мусофиронаш Юсуфзода Бибисанамгул Ҳасан, соли таваллудаш 2002, Ашурзода Муслиҳидин Рафъудин, соли таваллудаш 1999, сокинони шаҳри Ваҳдат, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 
Ронандаи автомашинаи тамғаи “LEXUS-RX” Ғафуров И. ва мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Зуҳурова Гулҷаҳон Саидовна, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.     
16-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Абдувоҳидов Одил Олимович, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пулотови шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ баромада ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронанда Абдувоҳидов О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Се нафар мусофирони автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

17.09.2024 17:58
39