Ифшо шудани ҳолатҳои дуздӣ аз корхонаи аграрӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун мактуби ҶДММ Аграрии “Водии заррин” ворид гардидааст, ки 14-уми сентябри соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз корхонаи мазкур 48-адад зарфи пластикии панҷлитраи доруҳои заҳрнокро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 31 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро мардони 31 ва 36-солаи сокинони ноҳияи мазкур содир намудаанд.
Инчунин, гумонбаршавандагон 14-уми сентябри соли 2024 аз майдони қитъаи истеҳсолии №5-уми мавзеъи Карадуми ҶДММ Аграрии “Водии заррин” 22 халта нуриҳои минералии фосфории фосфат дар шакли хока ва 2 халта доруҳои минералии азоти карбамитро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 18 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, гумонбаршавандагон 14-уми сентябри соли 2024, 520-метр ноқили тамғаи КВВГ Энг-11х2,5 мисини бисёртораро аз обпошак, ки ба ҶДММ Аграрии “Водии заррин” тааллуқ дорад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 51 ҳазору 356 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.